1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.
Иншоот дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Консол”-и шаҳри Душанбе сохта шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 35 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва тарҳи муосир анҷом ёфтанд.
Бинои навбунёди маъмурии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ аз 5 ошёна иборат аст.
Иншоот бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии дар иншоот анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандонро ба хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Атрофи иншоот дар идомаи тадбирҳои созандагӣ чароғон карда шуда, роҳравҳои ҳудуди он сафолакпӯш гардидаанд.
Аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони мақомот 6 адад техникаи ҳарбикунонидашуда туҳфа гардид.