Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 70 фоиз иҷро шуд

Аз аз Вазорати мудофиа

Вазорати мудофиаи кишвар хабар медиҳад, ки нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 70 фоиз иҷро шудааст.

Дар ин бора Фариддун Маҳмадализода, сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар дода менависад, ки аз якуми октябри соли равон бо оғоз гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ, шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд. Боиси хушнудист, ки тайи чанд соли охир, ин вилоят иҷрои нақшаро дар мамлакат пеш аз мӯҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад.

Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, гусели сарбозони ояндаи Ватан дар шаҳри Душанбе низ муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ идома дошта, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар самти гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ айни ҳол пешсаф мебошанд. Аз байни чаҳор навоҳии пойтахт аввалин шуда, ноҳияи Исмоили Сомонӣ аллакай нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расонида,  иҷрои нақша дар шаҳри Душанбе бошад дар давоми як моҳ наздики 80 фоизро ташкил медиҳад.

Масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бисёр фаъол буда, аз маҷмӯи 13 шаҳру ноҳияҳои он қисми зиёдашон иҷрои нақшаро аллакай дар даҳрӯзаи аввали  ин чорабинии муҳими сиёсӣ ба итмом расонидаанд. Дар давоми як моҳи охир бошад иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 77 фоизро дар бар мегирад.

Дар вилояти Хатлон низ чорабиниҳои даъватии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле хуб ҷараён дорад. Бо вуҷуди он, ки шумораи шаҳрвандон нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ин гарнизон бештар даъват ва ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристода мешаванд, масъулини комиссияҳи даъватии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иҷрои нақшаро дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар давоми як моҳ ба 70 фоиз баробар намудаанд.

Дар баробари дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, гусели муҳофизони ояндаи Ватан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ муташаккилона ҷараён дошта, иҷрои нақша дар ин гарнизони ҳарбӣ наздик ба 60 фоизро ташкил медиҳад.