Имрӯз сафари кории ҳайати рӯзноманигони тоҷик дар доираи Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳафтаҳои сайёҳии зиёратии байналмилалӣ”, ки дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Самарқанду Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷараён дорад, сурат гирифт. Дар ин бора Лутфуллои Азиз хабарнигори радиои “Тоҷикистон” аз Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Дар барномаи конфронси байналмилалии мазкур баргузории фестивали “Оҳангҳои миллӣ”, “Намоиши либосҳои миллӣ”, “Halal food”, форуми “Хатмкунандагони мадрасаи Мири Араб”, конфронси “Мероси исломии Ӯзбекистон” ва ҳам дар як қатор мавзуъҳои амалӣ мизҳои мудаввар бо ширкати намояндаҳои бештар аз 20 кишвар, минҷумла Покистон, Ҳиндустон, Арабистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Филипин, Озарбойҷон, Туркия, Эрон ва ҳамчунин намояндаҳои ниҳодҳои байналмилалӣ дар назар аст.
Дар идомаи кори ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳафтаҳои сайёҳии зиёратии байналмилалӣ”, намоиши “Санъати муосири исломии меъморӣ”, маркази Маҷмааи сайёҳии “Роҳи абрешим”-“Шаҳри абад”, ҳамчунин, Фесливал-ярмаркаи санъати мусаввирии исломӣ дар мавзуи “Маданияти адабӣ дар Мовароуннаҳр” баргузор хоҳад шуд.
Конфронси мазкур кори худро дар бинои Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд оғоз намуда, сипас, дар шаҳри Тошканд идома мебахшад.