28 октябри соли 2022 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов мулоқот намудааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар соҳаи фарҳангу санъат мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла онҳо роҷеъ ба баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ изҳори назар намуданд.