Санаи 28-уми октябри соли 2022 дар Муассисаи илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ мулоқот бо сардори бахши шуъбаи Аврупо оид ба ҳамкориҳои техникии МАГАТЭ Сандра Мария Стейскал бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф баргузор гардидааст.
Дар ин Хадамоти матбуоти АМИТ хабар дода, менависад, ки зимни мулоқот намояндаи МАГАТЭ Сандра Мария Стейскал ва инчунин намояндаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Олимҷон Азизов ва кормандони шуъбаи озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, профессор Абдулҳамид Қаюмов қайд намудааст, ки Марказ аз оғози фаъолияти худ то имрӯз беш аз 50 таҳқиқот дар масоили омӯзиши пиряхҳо, мушоҳида ва назорати ҳолати коҳишёбии онҳо ва инчунин муайян намудани таркиби изотопӣ ва гидрологии оби пиряху кӯлҳо ва ҳавзҳои пиряхӣ гузаронда, натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.
Лозим ба тазаккур аст, ки изотопҳои пайдоишашон табиӣ ҳамчун нишондиҳанда барои муайян намудани ҳолати воқеии пиряхҳо, рақобатпазирии онҳо вобаста ба раванди тағйирёбии иқлим, мавқеи хоси пиряхҳо дар захоири оби дарёҳо ва кӯлҳои наздипиряхӣ, инчунин нақши пиряхҳо дар афзоиши обҳои рӯйизаминию зеризаминӣ ва ҳамзамон барои муайян намудани синну соли дарёҳо истифода бурда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки аллакай бо дастгирии МАГАТЭ дар доираи ҳамкориҳои судманд таҷҳизоти лазерии “Пикаро” дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи марказ насб гардид. Дастгоҳи мазкур имконият медиҳад, ки омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф минбаъд бо тарзҳои инноватсионӣ ба роҳ монда шавад.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани чунин таҳқиқот ва ташкили озмоишгоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ду ҳуҷраи кориро барои фаъолияти минбаъдаи озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ ҷудо намудааст, ки ҳадаф аз ин дастгирӣ пеш аз ҳама ҷонибдории сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо маҳсуб меёбад.
Бо мақсади ташкил намудани озмоишгоҳи таҳқиқи пиряхҳо, қабати барф ва насб намудани дастгоҳи таҳлилии “Пикаро” дар муассиса кормандони шуъбаи озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи марказ дар муддати як моҳ тибқи барномаи Fellowship, аз санаи 22.08.2022 то санаи 20.09.2022, бо дастгирии молиявии МАГАТЭ дар Донишгоҳи Инсбрук (Институти геология) дар Австрия, таҳти роҳбарии доктор Юрий Дублянский ҷиҳати азхуд кардани тарзҳои таҳқиқоти изотопии пиряхҳо таҷриба омӯхтанд.
Дар рафти таҷрибаомӯзӣ кормандони марказ оиди намунаи амалии ях ва об ҷиҳати муайян кардани таркиби минбаъдаи изотопии онҳо, машғулият дар озмоишгоҳи (лабораторияи) гузаронидани изотопи анализатории “Пикаро” ва инчунин оид ба ҷузъҳои насбкунии таҷҳизоти таҳлилии “PICARRO” маълумоти пурра ба даст оварданд, ки натиҷаи таҷрибаомӯзӣ минбаъд имкон фароҳам меорад, ки таҳқиқоти изотопии пиряхҳо ва қабати барф бо дастгоҳи номбурда ба роҳ монда шавад.
Бояд гуфт, ки чунин озмоишгоҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ ниҳоят кам буда, ба роҳ мондани он дар марказ як навъ навоварӣ ва ҳамзамон боиси пешрафти илми глятсиология ва инчунин тарзҳои нави ба роҳ мондани таҳқиқоти пиряхҳо ба шумор меравад.