Натиҷаҳои сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Остонаи Қазоқистон, иғвоангезиҳои навбатии масъулини қирғиз нисбати Тоҷикистон, нигарониҳо аз афзоиши нархи ангишт дар кишвар, ва идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ВМКБ аз мавзӯҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 26 октябр бо нашри матлабе ба тасвиби тарҳи қонуни тарҳ дар бораи додани силоҳ ба сокинони минтақаҳои наздимарзӣ дар парлумони Қирғизистон вокуниш кардааст. Ин лоиҳаи қонун иҷозат медиҳад, ки ба сокинони наздимарзии ноҳияи Бодканд ва вилояти Ош “дар ҳолатҳои махсус ва изтирорӣ” силоҳ дода шавад.
Мақолаи мазкур зери унвони “Нигаронӣ. Иғвоангезии ҷониби Қирғизистон ба ифрот мерасад” чоп шуда, муаллиф менависад, ки ин тасмим боиси нигаронист, зеро додани силоҳ ба сокинони наздимарзӣ метавонад боиси муноқишаҳои нав ва хунрезии бештар шавад. Ба таъкиди муаллиф давоми беш аз як моҳи охир дар расонаҳои Қирғизистон ҳамвора иттилоот дар мавриди хариди ҳавопаймои бесарнишини нав ва низоми дифои зиддиҳавоӣ нашр шуда, наворҳои тарғиботӣ бештар интишор меёбанд, ки дар онҳо ҷониби Тоҷикистон сиёҳ мешавад. Дар ҳоле ки ба хулосаи муаллиф, Тоҷикистон ҳамеша тарафдори сулҳу оромӣ буда, ягона роҳи ҳалро дар идомаи раванди гуфтушунид ва иҷрои бечунучарои созишҳои қаблан ҳосилшуда мебинад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 27 октябр аз ҷаласаи ҷамъбасти нӯҳмоҳа дар вилояти Суғд гузориши муфассал нашр кардааст. Муаллиф менависад, бо вуҷуди он ки истеҳсоли маҳслуоти саноатӣ дар вилоят афзоиш ёфтааст, аммо дар ин муддат аз 751 корхонаи саноатӣ 631 корхона фаъолият намуда, 120 корхона ё 16,0 фоиз аз кор бозмондааст.
Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд дар ин ҷаласа аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар нуҳ моҳи соли равон теъдоди кормандони соҳаи саноат коҳиш ёфтааст ва мутобиқи маълумоти расмӣ зиёда аз 1200 нафарро ташкил медиҳад. Ва ё дар ин фосилаи вақт 120 корхона, ки 16 дарсади коргоҳҳои умумии соҳаи саноатро ташкил медиҳад, дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Гулистон, Исфара, Ашт, Бӯстон, Спитамен, Истаравшан ва Панҷакент аз фаъолият бозмонданд.
Инчунин духти либосҳои мактабӣ баъди дастуру супоришҳои Сарвари давлат рӯ ба афзоиш ниҳода бошад ҳам, аммо таъмини хонандагони мактабҳои вилоят бо либосҳо ҳамагӣ 37 дарсадро ташкил медиҳаду халос. – Пас, мантиқ дар куҷост, – суол гузоштааст раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 26 октябр мақолае бо номи “Иҷлосияе, ки роҳи фардоро мунаввар кард” чоп карда навиштааст, ки роҳбари давлат аз рӯзи аввал истеҳсол ва истифодаи нерӯи барқро дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар мадди аввал гузошта, дар ин давра, дар Тоҷикистон 274 нерӯгоҳи хӯрду миёнаи барқи обӣ мавриди истифода қарор гирифт. Муаллиф дар идома менависад, ки ташаббуси бузург ва таърихие, ки аз ҷониби Сарвари давлат амалӣ шуд, бунёди НБО «Роғун» мебошад. Ба хулосаи муаллиф идомаи сохтмони ин иншооти бузурги аср, маҳз ба шарофати сиёсати ватандорӣ, худшиносӣ ва бунёдкориву ободкориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуд.
“Садои мардум” дар матлаби дигари ин шумораи худ, хабар додааст, ки тайи чан соли охир бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ зиёда аз 30 майдони варзишиву майдончаҳои бозиҳои кӯдакона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ба навиштаи рӯзнома, ахиран раиси вилоят Алишер Мирзонабот боз як майдони нави варзишӣ дар маҳаллаи Валдош Гулмамадови Ҷамоати шаҳраки Шоҳтемуриёни шаҳри Хоруғро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Алишер Мирзонабот зимни суханронии худ таъкид кардааст, ки бунёди майдончаҳои варзишӣ на танҳо барои шуғл варзидан ба варзиш, инчунин, василаи иттиҳоди наслҳои ояндасоз атрофи беҳтарин арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва дурӣ ҷустан аз ҳар гуна амалҳои ношоиста аст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 26 октябр мақолае бо номи “Тиллои сиёҳ. Содирот манъ шуду нарх ҳамоно болост” нашр карда, аз афзоиши нархи ангишт дар кишвар пешорӯи зимистон изҳори нигаронӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф дар ҳоли ҳозир як тонна ангиш дар конҳо вобаста ба сифат ва тарзи истихроҷ аз 280 то 600 сомонӣ арзиш дошта, дар минтақаҳои мухталифи кишвар ангиш бо нархи аз 1200 то 1300 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди муаллиф дар соли ҷорӣ истихроҷи ангишт дар кишвар 1.2 миллион тоннаро ташкил дода, ин нишондод нисбати соли гузашта 137 ҳазор тонна зиёд аст. Бар иловаи ин аз моҳи сентябр содироти ангишт аз Тоҷикистон манъ шудааст, аммо ин ҳама ба нархи ангишт дар дохили кишвар таъсири ҷиддие нагузоштааст.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре бо номи “Чанд мушкили як водӣ” савол гузоштааст, ки Куҳистони Мастчоҳ кай соҳиби роҳи обод мешавад? Ба навиштаи муаллиф роҳи мошингард миёни ноҳияи Айнӣ то маркази ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ то ҳадде хароб аст, ки мошинҳои сабукрав 90 км роҳро дар 4-5 соат ва мошинҳои боркаш 6-7 соат тай мекунанд.
Муаллиф менависад, ки барои азнавсозии сад километр роҳ аз маркази ноҳияи Айнӣ то Куҳистони Мастчоҳ лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи 97 миллион доллар таҳия шудааст, аммо даҳсолаҳо боз ягон маблағгузоре пайдо намешавад, ки барои амалсозии он саҳм гузорад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 27 октябр бо нашри матлабе савол гузоштааст, ки чаро Қирғизистон аз сиёҳкунии Тоҷикистон даст намекашад? Ба навиштаи муаллиф намояндаи Қирғизистон дар Маҷмаи парлумонии Шӯрои Аврупо пешниҳод кардааст, ки фурӯши силоҳ ба Тоҷикистон манъ карда шавад. Ин дар ҳолест, ки худи Бишкек дар моҳҳои охир ба суръати фаъол таҷҳизоти муосири низомӣ харидорӣ мекунад.
Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов ба нашрия гуфтааст, ки ба ин васила мансабдорони қирғиз мехоҳанд кишвари худро қурбонӣ муаррифӣ карда, ба ин васила аз қудратҳои ҷаҳонӣ кӯмак дарёфт кунанд. Ба гуфтаи Муллоҷонов чунин баёнияи мақомоти расмии ҷониби Қирғизистон ба раванди музокироти сулҳ ва ҳалли баҳсҳои марзӣ таъсири манфӣ расонида, фазои ҳамдигарфаҳмиро аз байн мебарад.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки ба зудӣ дар Душанбе намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Русия кушода мешавад. Шаҳноза Нодирӣ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба нашрия гуфтааст, ки бо кушодани маркази мазкур муҳоҷирон имкон пайдо мекунанд, то пеш аз сафар ба Русия дар Душанбе изи ангушт супоранд ва шаҳодатнома дар бораи донистани забони русӣ бигиранд. Яъне муҳоҷири корӣ метавонад, тамоми расмиёти лозимаро дар Душанбе анҷом диҳад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”