“Тоҷикистон”: – Нархи гарон ва суръати заифи интернет хориҷиёнро гурезон кардааст (Шарҳи матбуот)

Натиҷаҳои сафари расмии президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими қонунии тиҷорати электронӣ дар кишвар, мушкилоти рушди соҳаи пиллапарварӣ дар Тоҷикистон  ва  кӯтоҳии ВАО-и кишвар дар ҷангҳои иттилоотии замони муосир аз мавзӯҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 12 октябр таҳти сарлавҳаи «Сафари расмии Александр Лукашенко ба Тоҷикистон», «Музокироти сатҳи олӣ», «Маҳфили «Шоми дӯстӣ» ба ифтихори меҳмони олимақом» ва «Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ» оид ба сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хабару гузоришҳо  нашр намудааст.

Дар шумораи рӯзи 13 октябр “Ҷумҳурият” мақолае бо номи “Меҳргон таҷассумгари хони пурмеъмати кишоварзон аст” нашр карда, менависад, Меҳргон дар радифи анъанаҳои дигари миллӣ, ҷашни созандагию натиҷагирӣ аз меҳнати пурбаракати деҳқон буда, арҷгузорӣ ба унсурҳои табиату обу замин мебошад. Ниёгонамон Меҳргонро ҳамчун рамзи аҳду паймон, дӯстиву муҳаббат, покию покизакорӣ ва гуфтору рафтори нек арзёбӣ намудаанд.

Ба таъкиди  муаллиф  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашну анъанаҳои миллӣ ва дар сатҳи байналмилаливу минтақавӣ доир гардидани онҳо пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва ба василаи таҷлили ҷашнҳои суннатии миллӣ мо ба сӯи асолати таърихии хеш баргашта, анъанаҳои гузаштагонамонро эҳё месозем.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумораи рӯзи 12 октябр мақолае бо номи  «Кирмакпарварӣ. Истеҳсоли пилла ба 1200 тонна мерасид, агар..» чоп карда, навиштааст, ки замоне Тоҷикистон 80 дарсади пиллаи Иттиҳоди Шӯравиро истеҳсол мекард, аз ҷумла  тибқи маълумоти оморӣ соли 1991 дар ҷумҳурӣ 4528,6 тонна пилла истеҳсол шуд. Аммо айни замон таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020 амалӣ нагашт ва натиҷаи дилхоҳ ба даст наомад, – омадааст дар мақолаи мазкур.

Раҳбари Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» Саъдулло Ғафуров дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфтааст, ки имсол ба кишвар аз хориҷ 23 814 қуттӣ тухми кирмаки навъи чинӣ ба маблағи 288 ҳазор доллари амрикоӣ ворид намуда, тибқи дурнамо, истеҳсоли пилла бояд ба 780 тонна мерасид, аммо хоҷагиҳо ҳамагӣ 383,3 тонна пилла ҷамъ оварданд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 13 октябр хабар медиҳад, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» баррасӣ ва тасвиб шуд.  Изатулло Саидзода  раиси  Маркази миллии қонунгузорӣ дар ин ҷаласаи парлумон  гуфтааст, ки ин  қонун   хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасониҳо, ки бо истифода аз шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва расмиёти электронӣ анҷом мешавад, танзим хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай бо истифодаи низоми савдои электронӣ  фаврият афзалиятҳои зиёд аз ҷумла  дар дастрасӣ ва қабули иттилоот, хароҷоти ночиз вобаста ба мубодилаи иттилоот,  зиёд шудани ҳаҷми муомилоти мол, кор ва хизматрасониҳо аз ҳисоби зиёд шудани савдои электронӣ, афзоиши истифодаи кортҳои бонкӣ ва имкониятҳои нав барои истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ  фароҳам мешавад.

Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 14 октябр мақолае таҳти унвони “Сирри худро аз табиб пинҳон мадор!” чоп кардааст. Муаллиф бо такя ба омори расмӣ навиштааст, ки аз соли 1991 то шашмоҳаи аввали соли равон дар кишвар зиёда аз 14 000 нафар шахсони гирифтори вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ба қайд гирифта шудаанд. Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон раванди камшавии шумораи бо ВНМО дарёфтшудагон ба назар мерасад, зеро агар  соли 2019 шумораи умумии шахсони нав бо ВНМО сироятёфта 1320 нафарро ташкил медод,  ин рақам соли 2020 ба 1084 нафар расид, ки дар муқоиса бо як соли қабл 236 нафар кам мебошад.

Ба гуфтаи табиби рӯҳшинос, номзади илмҳои тиб Саидҷон Носирӣ баъзе афрод аз ташхиси ВНМО намегузаранд ё бемориашонро пинҳон медоранд, ки ин ҳам ба зарари худашон ва ҳам ба зарари ҷомеа аст. Зеро дар сурати саривақт муайяну ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифтани ашхоси ба ВНМО сироятёфта, метавон бисёр ҳолатҳои вазнинро пешгирӣ кард.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 12 октябр мақолае бо номи “Пули бе дарди миён. Аз ҳиллаи қаллобон то машварати мутахассисон” нашр карда, аз афзоиши ҳолатҳои дуздии маблағҳо аз кортҳои бонкии шаҳрвандон изҳори нигаронӣ кардааст. Муаллиф навиштааст, ки  тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, вақтҳои охир аз ҷониби шахсони номаълум теъдоди содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ бо роҳи тасарруфи маблағҳои пулӣ аз кортҳои бонкии ҶСП «Душанбе Сити Бонк» зиёд шудааст. Вазорат шаҳрвандонро огоҳ менамояд, ки сабаби тасарруф гардидани маблағҳои пулӣ — ин нодуруст истифода намудани кортҳои бонкӣ аз ҷониби мизоҷон ва ба шахсони ношинос пешниҳод кардани рақами корти бонкӣ ва рамзи махфӣ мебошад.

Ба таъкиди муаллиф дорандагони кортҳои бонкӣ бояд дар хотир дошта бошанд, ки маълумот дар бораи корти худро, аз ҷумла ба хешовандон, шиносҳо ва шахсоне, ки барои кӯмак ташаббус нишон додаанд, ифшо кардан мумкин нест.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре аз суръати паст ва нархи гарони интернет дар Тоҷикистон интиқод кардааст. Ба навиштаи муаллиф баъди сарозер шудани шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон интизор мерафт аз миёни онҳо мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар ба кор ҷалб шаванд. Аммо муаллиф ба нақл аз чанд шаҳрванди Русия мегӯяд, ки ба далели  суръати заиф ва нархи болои интернет дар Тоҷикистон онҳо маҷбуранд  Душанберо тарк карда, ба Туркия раванд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 13 октябр бо нашри мақолаи таҳлилие савол гузаштааст, ки чӣ гуна метавон дар ҷанги иттилоотӣ пирӯз шуд?  

Муаллиф аз қавли коршиносон навиштааст, ки омили аслии бохти ҷанги иттилоотӣ аз ҷониби Тоҷикистон, адами дурнамо дар самти ВАО буд. Яъне ВАО-и тоҷик ҳеҷ гуна омодагӣ ба ҷанги иттилоотӣ надошт ва мутаассифона то ҳол надорад. Муаллиф таъкид мекунад, ки дастрасӣ надоштани журналистони ҳирфаӣ ба иттилооти сареъ ва саривақтӣ аз набудани дурнамои мушаххас дар самти сиёсати иттилоърасонии кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Ба хулосаи муаллиф муассиртарин роҳи муваффақият дар самти набарди расонаӣ ва ғалаба дар фазои иттилоотӣ ин ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатӣ ва ВАО аст. Яъне пешниҳоди саривақтии маълумоти расмӣ аз ҷониби мақомот ва нашри фаврии он аз ҷониби ВАО ва дастрасии намояндагони масъули мақомоти зиддахл барои рӯзноманигорон ва посухи муносиб гардонидан ба саволи намояндагони ВАО.

Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре дар ин шумораи хеш аз норасоии оби полезӣ дар ноҳияҳои ҷанубии кишвар изҳори нигаронӣ мекунад. Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки чунин ҳолат дар ноҳияҳои Хуросон, Ҷайҳун ва Қубодиён мушоҳида мешавад. Гуфта мешавад, яке аз омилҳои асосии нарасидани оби полезӣ дар ин минтақа корношоям шудани насосҳои обкаш аст, ки бештари онҳо аз замони шӯравӣ боқӣ монда, аллакай фарсуда шудаанд.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 13 октябр мақолае бо номи “Хатлон: Чаро равоншиносон намерасанд?” нашр карда, менависад, ки дар вилояти Хатлон, яке аз сераҳолитарин вилоятҳои кишвар, қариб ки равоншинос нест. Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар ин замина иттилоъ додааст, ки воҳидҳои корӣ барои равоншинос ҳаст, аммо мутахассис намерасад. 

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Сафаралӣ Раҳимов мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, норасоии равоншиносон дар муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон мушкилоти ҷиддӣ аст. Ба гуфтаи Сафаралӣ Раҳимов яке аз омилҳои асосии афзоиши ҳолатҳои худкушӣ ва ҷудошавии оилаҳо дар вилояти Хатлон маҳз набудани равоншиносон дар муассисаҳои тиббӣ аст.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”