Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ҷамъомади тамриниро дар Аморати Муттаҳидаи Араб ба анҷом расонида, барои иштирок дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ба Қувайт сафар кард.
Дар рӯзи охири ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб мунтахаби Тоҷикистон бо бошгоҳи футзали “Ал-Иттиҳод Калба” бозии санҷишӣ анҷом дод. Роҳбарии ин дастаро мутахассиси маъруфи сербӣ Деян Дедович, ки замоне дар Тоҷикистон фаъолият кардааст, бар ӯҳда дорад. Рақобат миёни дастаҳо бо пирӯзии шогирдони Пайрав Воҳидов бо натиҷаи 5:3 хотима ёфт. Голҳоро аз ҳайати тими кишвар Бахтиёр Солиев (2-гол), Файзалӣ Сардоров, Собирҷон Гуляков ва Иқбол Воситзода ба самар расониданд.
Бояд қайд намоем, ки дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27-сентябр то 8-октябр дар Қувайт баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” ҳунарнамоӣ мекунад. Рақибони тими футзали кишвар тимҳои футзали Баҳрайн (27-сентябр), Ӯзбекистон (29-сентябр) ва Туркманистон (1-октябр) ба ҳисоб меравад.