Дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2022 тими мунтахаби футзали Тоҷикистон, зери роҳбарии Пайрав Воҳидов дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб бозии аввалинашро баргузор кард.
Рақиби тими кишвар дар бозии дӯстона бошгоҳи футзали “Малиҳа” буд, ки дар чемпионати Аморати Муттаҳидаи Араб ҳунарнамоӣ мекунад. Рақобат миёни ин дастаҳо бо ҳисоби калони 4:1 бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт. Голҳоро аз ҳайати мунтахаби кишвар Идрис Ёров, Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов ба самар расониданд ва Идрис дар ин рақобат дубл кард.
Шогирдони Пайрав Воҳидов бозии навбатии санҷиширо дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб рӯзи 22-сентябр анҷом медиҳад.