Дар даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “I” тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20), бо ҳамсолонаш аз Сингапур рақобатро бо натиҷаи 0:0 мусовӣ анҷом дод.
Дар дақиқаи 62-юми вохӯрӣ тими ҷавонони кишвар имконияти хубе доштанд, то ки ҳисоби бозиро кушоянд. Лекин ҳамлагар – Абдулфаттоҳ Худойдодзода зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ)-ро ба самар расонида натавонист.
Дар даври дуюми марҳилаи интихобӣ, тими мунтахаби ҷавонони кишвар рӯзи ҷумъаи 16-сентябр бо тими Лубнон, ки дар даври аввал бар тими Камбоҷа (1:0) пирӯз гардид, дидор анҷом медиҳад.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023:
Гурӯҳи “I”
Даври 1-ум
Тоҷикистон – Сингапур – 0:0.