«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаи «Истаравшан» ба садри ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон баромад

Дирӯз 31-август бозии мавқуфмондаи даври 3-юми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан баргузор гардид. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Голҳоро аз ҳайати бошгоҳи «Истиқлол» Шервони Мабатшоев ба самар расонида, ба номаш хет-трик кард.

Баъд аз ин пирӯзи қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба садри ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ баромад. Ҳамакнун «Истиқлол» пас аз 11-бозии анҷомдодааш 24-имтиёз ба даст оварда, садрнишини ҷадвал гардид. Дар даври ояндаи чемпионати мамлакат «Истиқлол» дар сафар бо дастаи «Файзканд» дидор анҷом медиҳад. Рақобат миёни ин дастаҳо санаи 4-сентябр дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рудакӣ доир мегардад.

Чемпионати Тоҷикистон
Бозии даври 3-юм
«Истиқлол» – «Истаравшан» — 3:0
Голҳо: Шервони Мабатшоев, 48 (1:0). Шервони Мабатшоев, 62 (2:0). Шервони Мабатшоев, 90+3 (3:0).