Дар остонаи соли нави хониш дар назди Муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Валентина Терешковаи шаҳри Вахдат бо иқдоми соҳибкор – шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки хатмкардаи ҳамин дабистон будааст, бо харҷи 4 миллиону 689 ҳазор сомонӣ бинои нави иловагӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Бинои нави иловагӣ иборат аз 13 синфхона буда, бо маблағгузории Евгений Муллоқандов сохта шудааст.
Мутахассисон лоиҳаи сохтмони муассисаи мазкурро мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ мекунанд.
Бино ба маълумоти намояндаи соҳибкор Матлуб Халифаев, корҳои сохтмонии ин муассиса аз ҷониби сохтмончиёни ватанӣ ҶДММ “Шарора” тибқи меъёрҳо дар сатҳи баланд амалӣ шудаанд.
Малоҳат Тоҳирова,
радиои “Тоҷикистон”