Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре Хадамоти матбуоти Раҳбари кишвар хабар медиҳад, бинои нави муассисаи таълимӣ, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст, барои 1500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саидиён ЛТД” дар асоси лоиҳа ва тарҳу услуби хоси сохтмонию меъморӣ ба анҷом расонидаанд.
Бинои асосии мактаб, ки аз се ошёна иборат аст, дорои 30 синфхона ва озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад. Ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои муосири илмомӯзӣ муҷаҳҳаз карда шудааст. 4 синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, барои соҳибкасб гардидани духтарону писарон саҳми калон мегузорад.
Дар ин боргоҳи илму маърифат 73 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим ба воситаи 90 камераи мушоҳидавӣ, ки дар тамоми синфхонаҳо васлу насб карда шудааст, пурра назорат карда мешавад.
Мактаб ҳамчунин дорои ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи замонавӣ бо 160 ҷойи нишаст, толори маҷлис бо 280 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Толори варзишӣ бо фарогирии 200 ҷойи нишаст, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.
Дар ҳудуди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12, ки 1,12 гектарро ташкил медиҳад, ҳамзамон дар фазои кушод майдончаи варзишӣ сохта шудаааст. Майдончаи варзишӣ асосан барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, дорои шароити мусоиди машқу тамрин мебошад.
Қобили зикр аст, ки бинои қаблии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳолати ногувор қарор дошт ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд, аз ин рӯ он пурра бартараф карда шуд. Бо бунёди иншооти нав мушкилоти чандинсолаи омӯзгорону хонандагон дар самти норасоии ҷойи нишаст ва набудани шароити мусоиди таълим ҳалли худро ёфт. Акнун, хонандагон метавонанд, дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз ба омӯзиши илму дониш машғул шаванд.
Иштироки хонандагони муассисаи таълимӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ низ назаррас аст. Соли равон 7 нафар хонандаи мактаб дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ сазовори ҷойҳои намоён шуданд.