Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини тарзи озод се варзишгар намояндагӣ мекунад

Аз 10-ум то 18-уми сентябр дар пойтахти Сербия шаҳри Белград Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин баргузор мешавад.

Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштинҳо (UWW), дар ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ зиёда аз 800 варзишгар аз 73 кишвари ҷаҳон, барои иштирок номнавис гардидаанд.

Мусобиқа аз рӯи 10 вазн гуштини тарзи озод, 10 вазн гуштини юнонӣ-римӣ ва 10 вазн гуштини бонувон доир мегардад. Кишвари моро дар ин мусобиқа се варзишгар дар риштаи гуштини тарзи озод – Муҳаммад Икромов (-57кг), Ҳикматулло Воҳидов (-61кг) ва Шуҳрат Бозоров (-79кг) намояндагӣ хоҳанд кард.

Дар рӯзи аввали мусобиқа 10 сентябр қувваозмоиҳо аз рӯи 4 вазн, дар рӯзи дуюм 4 вазни дигари гуштини юнонӣ-римӣ баргузор мешавад.

Рӯзи 12 сентябр сабқатҳо дар 2 вазн миёни занон ва 2 вазни гуштини юнонӣ-римӣ идома меёбад. Рӯзҳои 13-14 сентябр бонувон аз рӯи 4 вазн дар як рӯз гуштин мегиранд. Рӯзи 15 сентябр мусобиқаи гуштини тарзи озод 4 вазн, 3 вазн рӯзи 16 сентябр ва 3 вазни дигар рӯзи 17-сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Сорбон Амонуллозода,

радиои “Тоҷикистон”