Аз 23 август ба ин сӯ дар шаҳри Ҳошимини Ветнам Чемпионати Осиё оид ба таеквондо (ВТ) миёни наврасон, ҷавонон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор гардида истодааст.
Имрӯз 27 август рӯзи ҷамбастии Чемпионати Осиё ба ҳисоб меравад ва дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ду варзишгар – Муҳаммадризо Шукуров (-51кг) ва Нурулло Муродов (-59кг) зери роҳбарии мураббӣ Фарҳод Негматов дар сабқатҳо миёни ҷавонон муаррифӣ намуданд.
Нурулло Мирзоев дар даври аввал бар варзишгари Муғулистон Билгудей Енхбаатар бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар рақобати 1/4 ниҳоӣ Нурулло бо намояндаи Қазоқистон Алибек Шайкенов бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард, вале дар даври нимниҳоӣ бо дарёфти 5-огоҳӣ аз намояндаи Тайпейи Чин Гуан Чен мағлуб гардида, дар Чемпионати Осиё оид ба таеквондо миёни ҷавонон сазовори медали биринҷӣ гардид.
Муҳаммадризо Шукуров (51кг) бошад дар аввалин рақобаташ аз варзишгари Ҷопон Рйусей Оҳара дучори шикаст гардид.
Ин дуюмин медали таеквондочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ба ҳисоб меравад. Соли 2019 Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар кишвари Урдун, дар вазни -73кг медали биринҷиро ба даст оварда буд.
Сорбон Амонуллозода,
радиои “Тоҷикистон”