Теннисбози тоҷик Екатерина Ишенко дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст овард

Теннисбози тоҷик Екатерина Ишенко дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” хабар медиҳад.

Дастоварди ин варзишгар дар ҳолест, ки ӯ дирӯз, 15 август дар ин мусобиқа сазовори медали нуқра гардида буд.

Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи тенниси рӯйи миз дар «микст» Екатерина Ишенко ҳамроҳ бо варзишгари озарбойҷонӣ Динара Сунчелеева мақоми сеюм ва медалҳои биринҷиро касб намуданд.

Дастоварди Ишенко панҷумин медали ҳайати дастаи яккачини олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ мебошад. Дар рӯзи чоруми мусобиқот варзишгарони кишвар се медал ба даст оварда буданд. Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук — мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ — бо натиҷаи 7.86 метр сазовори медали нуқра ва дар гӯштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд.

Қобили зикр аст, ки Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия то 18 август идома меёбад. Варзишгарони кишвар дар риштаҳои варзиши камонварӣ, ҷудо ва каратэ сабқатро идома медиҳанд.