Дастоварди ҳунарманди Сирки давлатӣ дар Ҷашнвораи байналмилалии “Садои Осиё”

Ҳунарманди Сирки давлатии Тоҷикистон Мастона Собирзода дар 13-умин Ҷашнвора-озмуни байналмилалии сиркии “Садои Осиё” сазовори мақоми сеюм гардид.

Тавре дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги кишвар хабар медиҳад, ин ҳунарманди тоҷик дар риштаи авлони фестивали мазкур, ки рӯзҳои 10-14 август дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт, вориди сабқат шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар фестивал-озмун мудири Сирки давлатии Тоҷикистон Бахтиёр Раҳматуллозода ба унвони довар иштирок намуд.