Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 5-6-уми октябри соли равон ҳамоиши байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» доир мешавад. Дар ин бора аз АМИТ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти бехатарии обӣ, таъмини рушди устувор дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, ҳифз ва истифодаи объектҳои обӣ ва гидроэнергетикаву манбаъҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия тавассути тавсеаи ҳамкорӣ, табодули иттилоот, дониш ва таҷриба ба шумор меравад.
Гуфта мешавад, ин ҳамоиш ба ифтихори Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2018” ва 20-умин солгарди таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сурат мегирад.