Акс аз Кумитаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ
15 августи соли равон бо ташаббуси Куриёи Ҷанубӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ҳайати Кумитаи низоми маориф ва хизматрасонии ёрии фавқулоддани тиббии Куриёи Шимолӣ (KOCSO) бо сарварии ҷаноби МангСаб Симомро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора КҲФ хабар менависад, ки роҳандозии ҳамкориҳо дар омӯзиш ва бозомӯзии кормандон дар масъалаҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ҳам ба зарардидагони ҳайати шахсии КҲФ ва ҳам ба намояндагони вазорату идораҳои дигар дар мулоқот баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот ба ҳамкориҳои созандаи минбаъда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Куриёи Ҷанубӣ дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ таъкид шуд.
Дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон ҳайати куриёӣ бо фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ шинос шуд, ҳамчунин машқи бист корманди сохторҳои мухталифи Кумиатро дар мавриди расонидани ёриҳо ба зарардидагон аз офати табииро тамошо карданд.