Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом дар маросими ифтитоҳи бинои иловагии беморхонаи марказии шаҳр иштирок намуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар доданд.
Гуфта мешавад, бинои мазкур бо маблағгузории Идораи сохтмони асосии ҳукумати вилояти Суғд бунёд гардидааст.
Иншоот 4-ошёна буда, дар ошёнаи якум шуъбаи бемориҳои чашм бо фарогирии 30 кат ва ошёнаи дуюм барои шуъбаи бемориҳои асаб бо 30 кат пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи сеюм маркази саломатии шаҳрӣ ва дар ошёнаи чорум маъмурияти беморхонаи марказӣ ҷойгир карда шудааст.
Ҳамчунин бо маблағҳои ҳукумати вилояти Суғд 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти маишӣ, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ харидорӣ гардидаанд.
Сипас Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи бозсозишудаи истироҳатию фароғатии “Истиқлол”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Боғи мазкур дар маркази шаҳри Конибодом дар масоҳати қариб 5 гектар бо маблағгузории ҳукумати вилояти Суғд бо тарҳи муосир, унсурҳои шаҳрсозии миллӣ ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст.
Баъдан бо ҳузури Президенти кишвар шаҳраки кӯдаконаи “Кайҳон” мавриди истифода қарор дода шуд.
Ин боғ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Обид Олимов бо сарфи 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани шаҳраки кӯдаконаи “Кайҳон” 20 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуда, бо маоши хуб таъмин гардиданд.
Дар идома Пешвои миллат коргоҳи коркарди меваи хушки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сафаралӣ Бобиев бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохта шуда, аз утоқи озмоишгоҳ, буғхона, утоқи муҳандис, анборхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Гуфта мешавад, иқтидори истеҳсолии коргоҳ коркарди 4 тонна меваи хушк дар як шабонарӯз мебошад.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, ҳам дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад ва ҳам ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Баъд аз ифтитоҳи коргоҳи коркарди меваи хушк ва шиносоӣ бо фаъолияти он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ намудҳои гуногуни афшураи помидор, зардолу, олу, помидор, хамираи помидор ва ғайра, ки дар коргоҳҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” истеҳсол мешаванд, ба маърази дид гузошта шуданд.