Ифтитоҳи мактабу маҷмааи хидматрасонӣ ва бинои ҳизб дар Конибодом аз сӯйи Пешвои миллат

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-ро мавриди истифода қарор доданд.

Тавре хадамоти матбуоти Роҳбари кишвар иттилоъ медиҳад, ин муассисаи таълимӣ дорои 29 синфхона, 4 ҳуҷраи кории омӯзгорон, кабинетҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, ошхона барои 75 нафар, маҷлисгоҳ барои 260 нафар, толори варзишӣ, китобхона ва бойгонӣ мебошад.

Мактаби нав барои қабули 1000 нафар хонанда дар ду баст бо тарҳи ҷолиб ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири таълимӣ сохта шудааст. Дар ин мактаб 42 нафар омӯзгор фаъолият менамоянд. Бинои нав ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст карда шудааст.

Дар идома бо иштироки Сарвари давлат Маҷмааи хидматрасонии “Тоҷи заррин” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншоот аз ҷониби соҳибкор Раъно Ҳоҷиматова бо сарфи беш аз 6 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, имкони қабули 300 нафарро дар як вақт дорад.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.

Сипас бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодомро ба истифода дода шуд.

Бинои ҳизб бо дастгирии  Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Конибодом тариқи ҳашар бунёд гардидааст.

Бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат мебошад. Дар таҳхона барои ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон, бахусус духтарони хонанишин курси омӯзиши компютерӣ, маҳфилҳои рассомӣ, сабадбофӣ, адрасу атласбофӣ ва тоқидӯзию сӯзанидӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Гуфта мешавад, то имрӯз барои кормандони ҳизб дар шаҳри Конибодом чунин шароити созгор мавҷуд набуд.