Акс аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд
Дар доираи сафари соҳибкорони вилояти Красноярск ба вилояти Суғд бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ 2-юми август дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск баргузор гардид.
Тавре Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, таъкид гардид, ки маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Русия серхаридор аст ва доираҳои соҳибкории ҳар ду минтақа метавонанд барои содироти меваи хушку тар, маҳсулоти пахтагин, консерва, обҳои нӯшокӣ тарҳҳои навро амалӣ созанд. Вилояти Суғд бошад барои воридсозии чӯбу тахта, ғалла ва дигар маҳсулот ҳавасманд аст.
Ба иттилои манбаъ соҳибкорони вилояти Красноярски Федератсияи Русияро ноиби Президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ Даря Ковалева роҳбаладӣ намуд.
Дар вохӯрӣ имкониятҳои сармоягузории вилоят аз ҷониби сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов муаррифӣ гардид.
Дар вохӯрӣ аз вилояти Красноярск роҳбарони 16 корхонаҳои истеҳсолӣ ширкат намуданд. Инчунин роҳбарони 50 корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд, аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо дар формати В2В, доираҳои тиҷоратии ду минтақа имкониятҳои тиҷорати мутақобила, ташкили интиқоли маҳсулоти дорои талабот ба бозорҳои Тоҷикистон ва вилояти Красноярск, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ намуданд.