Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат сарони ду давлат муҳиммияти пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро дар маҷрои ҳусни ҳамҷаворӣ ва созандагӣ таъкид намуданд.

Дар ин зимн, ҷиҳати тақвият бахшидани ин раванд, алалхусус дар ҷанбаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба бар асоси саъю талошҳои муштарак изҳори умед карданд.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ табодули афкор анҷом доданд.