Шаҳри Душанбе макони баргузории чемпионати CAFA-2022 миёни ҷавонони (U-19)

Аз 5-ум то 12-уми август дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони (U-19) баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа мунтахаби панҷ кишвар барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд.

Дар чемпионати CAFA-2022 миёни ҷавонони (U-19), мунтахабҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон иштирок менамоянд.

Дар маҷмуъ дар доираи чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонон (U-19) 10-бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи рақобатҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.

Аз рӯи низомнома чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони (U-19) аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор карда мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари имтиёзҳо муайян мегардад.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони (U-19):

Даври 1-ум
Рӯзи 5-август (ҷумъа)
Соати 18:00 Ӯзбекистон – Эрон
Соати 21:00 Қирғизистон – Афғонистон

Даври 2-юм
Рӯзи 6-август (шанбе)
Соати 18:00 Қирғизистон – Ӯзбекистон
Соати 21:00 Афғонистон – Тоҷикистон

Даври 3-юм
Рӯзи 8-август (душанбе)
Соати 18:00 Эрон – Афғонистон
Соати 21:00 Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 4-ум
Рӯзи 10-август (чоршанбе)
Соати 18:00 Эрон – Қирғизистон
Соати 21:00 Ӯзбекистон – Тоҷикистон

Даври 5-ум
Рӯзи 12-август (ҷумъа)
Соати 18:00 Афғонистон – Ӯзбекистон
Соати 21:00 Тоҷикистон – Эрон.