Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор мешавад

Рӯзи 24 октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории Рӯзҳои фарҳанг замина барои боз ҳам бештар шинос шудан бо фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба гирифтан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг мебошад.

Қобили зикр аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия се маротиба – солҳои 2005-2011-2015 ва Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ маротиба – солҳои 2005-2010-2014-2017-2021 баргузор гардидаанд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аввалин маротиба  моҳи октябри соли 2005 баргузор гардида буд, ки дар расми ифтитоҳи он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида буданд.