Дар садамаи байни ду автомашинаи «Мерседес-Бенс» 3 нафар ҳалок гардид

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар як садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди деҳаи Работи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ се нафар ҳалок шуданд.


Ба маълумоти манбаъ, 24-уми июли соли 2022, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Давлатмуродзода Муҳаммади Икром, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди деҳаи Работи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Сафаров Абубакр Абдуғаниевич, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-и дуюм Сафаров А.А. ва мусофираш Ҳайдаров Дилшод Сангинбоевич, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Панҷакент, аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-и дигар, Умаров Абдувосид Адҳамович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Ҳисор аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Инчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Давлатмуродзода М.И. ва мусофиронаш Умаров Абдурауф Адҳамович, соли таваллудаш 2000, Ҳалимов Муҳаммадмусо Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 2004 ва Ҳалимов Зикрулло Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 2005, сокинони шаҳри Ҳисор, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.