Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабаҳои 27-28 июли соли 2022 ҳавои гарм дар ҷумҳурӣ боқӣ мемонад, дар водиҳо то +40+45 дараҷа ва дар ноҳияи Дарвози ВМКБ то +40+42 дараҷа гарм мешавад.
Рӯзҳои 27-28 июли соли 2022 ба сабаби ҳавои гарм эҳтимоли болоравии сатҳи об дар ҳавзаи дарёҳои Вахш, Панҷ ва Зарафшон вуҷуд дорад.
Рӯзҳои 28-29 июли соли равон дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар, ба истиснои қис мати шарқии ВМКБ сабабгори об шудани барфу пиряхҳо мешавад, ки дар натиҷа эҳтимоли о мадани селҳо, лағзиши тарма ва резиши санг зиёд аст.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки хеле эҳтиёткор бошанд. Кумита аз сайёҳон ва ташкилотҳои гардишгарӣ хоҳиш мекунад бо назардошти вазъ дар соатҳои ҳаракатҳои худ ба самтҳои ёдшуда тағйирот ворид кунанд.
Ҳамчунин аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳо, моҳидорӣ, ҷамъоварии алафҳои доруворӣ ва ғайра эҳтиёт кунанду ҳамеша ҳушёр бошанд. Чун маъмулан селҳо ногаҳонӣ меоянд ва сокинонро ғофилгир мекунанд.
Манбаъ: khf.tj