Дар шаш моҳи соли равон ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 830 истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардида, аз солҳои пешин дар маҷмӯъ 96 409 адад ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дорад. Дар ин бора имрӯз Барно Саидвализода, раиси Хадамоти иҷро зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 20,1 млн сомонӣ (2021 – 12,6 млн) маблағи алимент ситонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 7,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Барно Саидвализода илова кард, ки бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбати 421 (2021 – 372) нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ ҶумҳурииТоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиён аз sониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Нисбати 243 нафар қарздорон бо пешниҳоди иҷрочиён барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон аз ҷониби суд кофтуков эълон шудааст.
Машраби Холмаҳмад,
радиои “Тоҷикистон”