13 июли соли 2022 дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор бо ташаббуси ниҳоди “СММ-Об” дар ҳамкорӣ бо ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд нишасти махсуси Ҳадафи шашуми рушд баргузор шуд. Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, нишасти мазкур бо суханронии муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин, Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо ва Президенти тозаинтихоби 77-уми Маҷмаи Умумии СММ Чаба Короши ифтитоҳ гардид.
Гуфта мешавад, ки дар рафти нишаст Фиристодаи вежаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим Султон Раҳимзода натиҷаҳои Конфронси дуюми оби Душанберо муаррифӣ намуда, аз аҳаммият ва саҳми маъракаи мазкур барои омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 (Ню-Йорк) сухан кард.
Зимни чорабинии номбурда кормандони намояндагиҳои доимии Сенегал, Япония, Португалия, Миср, Швейтсария, Словения ва Финляндия дар назди СММ, Котиби давлатии парламентии Вазорати муҳити зист ва ҳифзи истеъмолкунандагони Федералии Германия хонум Беттина Хоффман ва Дабири кулли Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WМO) Петтери Таалас низ дар бораи чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ дар пешорӯи баргузории Конфронси оби СММ баромад карданд.