“Фараж”: Дарди бедавои нархҳои осмонӣ пеш аз рӯзҳои ид (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе ба муҳимтарин таҳавуллоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон таваҷҷуҳ карда, дар ин замина матолиби зиёди хабарӣ ва таҳлилӣ нашр кардаанд.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 5 июл мақолае бо номи “Ҷомеаи дунявӣ. Мафкураи сиёсӣ муҳимтарин омили пешрафт аст.” чоп карда, менависад: “… зарурати дунявият дар он ифода меёбад, ки нерӯи пешбарандаи ҷомеаҳо дар ҷаҳони имрӯз нерӯи ақлу хирад, дониш ва дастовардҳои илмӣ дониста мешавад”.

Ба таъкиди муаллифи матлаб, таҷриба нишон медиҳад, ки дар қарни имрӯзии фанноварию илмӣ танҳо низоми дунявӣ метавонад аз як тараф ҳамзистии осоиштаи дину боварҳои гуногунро таъмин созад, онҳоро дар зеҳни фард ҳамчун муқаддасоти фардиву ҳарими хусусӣ ҳифз намояд ва аз тарафи дигар ба хотири пешрафти кишварҳою давлатҳо заминаи мусоиди илмию фанноварӣ гузошта, барои зиндагии босаодати инсонҳо имкон ба вуҷуд оварад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 4 июл дар як мақолаи таҳлилӣ вазъи соҳаи парандапарварӣ дар кишварро баррасӣ кардааст. Муаллиф менависад, ки дар чор соли охир шумораи корхонаҳои парандапарварӣ аз 65 ба 212 афзоиш ёфта, дар онҳо беш аз 10 миллиону 201 ҳазор сар паранда парвариш мешавад ва тибқи дурнамо дар соли 2022 дар Тоҷикистон истеҳсоли тухм ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион дона ва гӯшти мурғ ба 55 ҳазор тонна мерасад.

Ҳамзамон муаллиф таъкид кардааст, ки мушкилоти асосии рақами 1-и соҳаи парандапарварӣ дар Тоҷикистон камбуди хӯроки паранда аст, зеро солона дар кишвар ҳамагӣ 363 ҳазор тонна истеҳсол мешавад,  талаботи корхонаҳои парандапарвариро бо хӯрок пурра қонеъ карда наметавонанд. Тибқи оморҳои расмӣ, соли 2021 ба Тоҷикистон наздики 490 ҳазор тонна хӯроки паранда аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст. 

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 2 июл мушкилии камбуди ҳавзҳои шиноварӣ дар пойтахти кишварро матраҳ карда навиштааст, ки тибқи маълумоти расмӣ айни ҳол дар шаҳри Душанбе 13 ҳавзи шиноварӣ амал мекунад, ки маъмултарини онҳо “Кӯли Душанбе”, “Обшорон” ва “Делфин” ҳар се пулакианд.

Нархи хидматрасонӣ дар ин марказҳои шиноварӣ бошад аз 20 то 120 сомонӣ барои кӯдакон ва калонсолонро ташкил медиҳад. Инчунин гуфта мешавад, ки дар пойтахт ҳамагӣ се ҳавзи шиноварии ройгон “Кӯли ҷавонон”, “Чорбоғ-1” ва “Чорбоғ-2” мавҷуд аст, яъне аз 13 маркази оббозӣ танҳо 3-тояш ройгон ҳастанд.

Муаллиф дар идома бо такя ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода навиштааст, ки аз аввали сол бинобар риоя нашудани қоидаҳои шиноварӣ 67 нафар ғарқ шудаанд, ки 40 нафари онҳо аз 4 то 16-сола мебошанд. Сабабҳои ғарқшавии мардум, бахусус кӯдакон, оббозӣ дар минтақаи мамнӯъ барои шиноварӣ, надоштани қобилияту малакаҳои шиноварӣ ва бепарвоии волидон аст.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 6 июл дар сармақолаи хеш қарори нави шаҳрдорӣ дар мавриди сохтмони манзилҳои маскунии баландошёнаро баррасӣ кардааст. Тибқи ин қарор, аз ин ба баъд танҳо ширкатҳое ба сохтмони биноҳо ҳақ доранд, ки гардиши солонаи сармояашон аз 10 миллион сомонӣ кам набошад. Баҳром Юсупов, раиси Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон зимни истиқбол аз ин қарори раиси шаҳри Душанбе гуфтааст, ки чунин талабот имкон хоҳад дод, то сокинон бе дарди сар соҳиби хона шаванд.

Аз сӯи дигар ҳуқуқшинос Парвиз Сафарзода, ки солиёни зиёд қазияи баҳси ширкатҳои сохтмонӣ бо муштариёнро баррасӣ кардааст, дар баробари ин пешниҳод кардааст, то фурӯши хонаҳо танҳо пас аз анҷоми 50% корҳои сохтмонӣ дар бино иҷозат дода шавад.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре омилҳои ҳолатҳои худкушӣ миёни ҷавононро мавриди баррасӣ қарор додааст.  Ба навиштаи муаллиф танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 17 ҳолати худкуши мардону занон дар кишвар сабт шудааст, ки ҷойи нигаронӣ дорад.

Бо назардошти ин вазъият муаллиф пешниҳод додааст, ки дар Тоҷикистон бояд барномаи давлатии пешгирӣ аз ҳолатҳои худкушӣ бо ҷалби равоншиносон ва уламои дин таҳия ва роҳандозӣ шавад. Аз ҷумла зарур аст, ки бо истифода аз таҷрибаи кишварҳое назири Шветсария ва Дания барои кор дар мактабҳо равоншиносони касбӣ ҷалб шаванд, то хонандагони синфҳои болоӣ тавонанд бо мушкилоти хеш ба онҳо муроҷиат кунанд.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 7 июл бо нашри матлаби таҳлилие масъалаи таҳдид, таҳқир ва озору азият бо истифода аз фанновариҳои муосири иттилоотӣ ё худ ба ибораи дигар “кибербуллинг”-ро матраҳ кардааст. Ба навиштаи муаллиф, дар бештари маврид таҳдид ва таҳқиру азият дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯйи корбароне содир мешавад, ки бо номҳои қалбакӣ сабти ном шудаанд. Ба гуфтаи муаллиф, дар қонунгузории бархе кишварҳо барои чунин рафтор дар фазои маҷозӣ ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шуда, ҷабдидагон метавонанд барои ҳимояти хеш ва ҷуброни зарари маънавӣ ба додгоҳ муроҷиат кунанд.

Аммо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол меёрҳои бевосита марбут ба кибербуллинг вуҷуд надорад, вале барои содир намудани кирдорҳое мисли ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ ва нашри маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, вайрон кардани маҳрамияти мукотиба, суҳбаҳои телефонӣ ва мухобирот ва дигар ҳолатҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Нашрияи “Фараж” дар матлаби дигаре аз дарди бедавои болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳо,  қабл аз рӯзҳои иди рамазон ва қурбон изҳори нигаронӣ ва шадидан интиқод кардааст. Ба гуфтаи муаллиф, аз ҷумла дар гармои 45 дараҷаи тобистон нархи 30 дона тухм то ба 40 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Муаллиф таъкид мекунад, ки бо вуҷуди чораҷӯйиҳои масъулин ва ҳатто муҷозоти бархе савдогарони қиматфурӯш, нархи маҳсулот пеш аз рӯзҳои ид якбора зиёд мешавад. Дар ҳоле ки имсол тибқи мушоҳидаҳо деҳқонон ва боғдорони кишвар ҳосили хуб ба даст овардаанд, аммо қиматҳо дар бозор ҳамоно баланд боқӣ мемонад.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” аз рушди назарраси хидматрасониҳои электронӣ дар низоми андозбандии кишвар хабар додааст.

Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода, дар ҳоли ҳозир зиёд аз 70 модули хидматрасонии электронӣ барои андозсупорандагон ва шаҳрвандон роҳандозӣ шудааст, ки ин болотарин нишондод миёни кишварҳои ИДМ маҳсуб мешавад. Давлатзода дар ин мусоҳиба таъкид кардааст, ки тибқи таҳлилҳо айни замон 85% андозсупорандагон аз сомонаи Кумитаи андоз фаъолона истифода карда, зиёда аз 60% онҳо бевосита аз хидматрасониҳои электронии мақомоти андоз кор мегиранд.

Одинаи Маҳмад,

радиои “Тоҷикистон”