Толибилми Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Муҳаммадҷонов дар олимпиадаи байналмилалии «ISPT – Қазоқистон 2022», ки аз ҷониби Донишгоҳи ба номи Сулаймон Демирели Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор карда шуд, иштирок намуда, соҳиби гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 16 ҳазор доллари амрикоӣ шуд ва имкон пайдо намуд, ки ройгон дар донишгоҳи мазкур таҳсил намояд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дода афзудааст, ки ҳамасола донишгоҳи мазкур ба хотири дарёфти хонандагони болаёқат байни 30 кишвари олам олимпиадаи байналмилалӣ баргузор намуда, ба 12 нафар хонандагон аз тамоми олам Шоҳҷоиза – бурсияи таҳсили ройгон дода мешавад.
Имсол дар олимпиадаи ин донишгоҳ 90 нафар хонандагони синфи 11 аз Тоҷикистон иштирок намуданд ва танҳо ба Фирдавс Муҳаммадҷонов муяссар гардид, ки соҳиби Шоҳҷоиза (гранти 100 фоиза) гардад.
Фирдавс Муҳаммадҷонов – хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд яке аз аз омилҳои ба ин муваффақият расидани худро дар омӯхтани фанҳои таълимӣ бо забони англисӣ дар литсей медонад. Ӯ мегӯяд, дар раванди иштирокаш дар озмуни Донишгоҳи ба номи Сулаймон Демирел аз ду фан – забони англисӣ ва математика имтихони тестӣ супорида, дар озмун ғолиб гардид.
Фирдавс Муҳаммадҷонов ният дорад, ки дар риштаи технологияи иттилоотӣ таҳсилашро идома дода, мутахассиси хуб шавад.
Ёдовар мешавем, ки 32 нафар хатмкунандагони литсей соҳиби грантҳои омӯзишӣ дар кишварҳои Швейтсария, Англия, Сингапур, Италия, Олмон, Туркия ва Фаронса гардида, ҳамчунин 12 нафар дар озмунҳои бурсияи донишгоҳҳои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ғолиб омада, соҳиби беш аз 2,5 миллион доллари амрикоӣ грантҳои омӯзишӣ гардиданд.