Дар бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 дар гурӯҳи «Е» барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон «КМВА» бо барандаи Ҷоми Қирғизистон «Нефтчӣ» бозии мусовӣ (0:0) анҷом доданд.
Қаблан дастаи артиш бо «Алтин Асир»-и Туркманистон мусовӣ (1:1) карда, аз «Суғдиёна»-и Ӯзбекистон бо ҳисоби (2:3) шикаст хӯрда буд. «КМВА» (Душанбе) баъди се бозӣ 2 имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳ ҷойи сеюмро соҳиб шуд.
Ғолиби чаҳоргонаи «Е» дар Душанбе дастаи «Суғдиёна»-и Ҷиззах, ки дар се бозӣ се пирӯзӣ ба даст овард, дар даври ниҳоӣ бар «Алтин Асир» бо ҳисоби 3:1 пирӯз гардид.
Ҷоми AFC-2022
Гурӯҳи «Е»
Даври 3-юм
«КМВА» (Тоҷикистон) — «Нефтчӣ» (Қирғизистон) — 0:0
И В Н П М О
1. Суғдиёна (Ӯзбекистон) 3 3 0 0 8-3 9
2. «Алтин Асир» (Туркманистон) 3 1 1 1 3-4 4
3. «КМВА» (Тоҷикистон) 3 0 2 1 3-4 2
4. «Нефтчӣ»(Қирғизистон) 3 0 1 2 0-3 1
Сорбон Амонуллозода,
радиои “Тоҷикистон”