Бонки миллии Тоҷикистон баҳри амалисозии фаъолияти суғуртавӣ, иҷозатномаи фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Итминон”-ро ба муҳлати 5 сол тамдид намуд.
Дар ин бора маркази матбуоти БМТ хабар дода, афзудааст, ки қарори мазкур таҳти №80 рӯзи 29 июн аз сӯйи раёсати бонк бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва Қонун “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” содир гардид.
Гуфта мешавад, ки иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Итминон”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2017, №93 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.
Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардидааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.