Ноибқаҳрамони футболи Тоҷикистон – дастаи «Хуҷанд» ғолиби гурӯҳи «F»-и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 шуда, ба даври навбатии мусобиқот роҳ ёфт.
Бино ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «F» «Хуҷанд» дар шаҳри Бишкек бо тими “Дордой” қаҳрамони Қирғизистон мусовӣ (0:0) кард.
Дар бозии ниҳоии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 «Хуҷанд» бо ноибқаҳрамони Ӯзбекистон «Суғдиёна» вомехӯрад, ки дар чоргонаи «Е» мақоми аввалро касб кард.
Гуфта мешавад, макони баргузории бозии финалии минтақаи марказӣ дар натиҷаи қуръакашӣ, ки 14 июл барпо мегардад, муайян карда мешавад.