Тақрибан 770 миллион нафар калонсолон дар саросари ҷаҳон хондаву навишта наметавонанд ва аз се ду ҳиссаи онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС дар ин бора директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле дар конфронси 7-уми байналмилалии таълими калонсолон изҳор доштааст.
Хонум Азулей даъват кардааст, ки талошҳо барои таъмини таҳсилоти калонсолон афзоиш ёбад.
Тибқи маълумоти СММ ва ЮНЕСКО, аз ҷиҳати саводнокии аҳолӣ кишварҳои Африқо дар зинаи охирон мебошанд. Танҳо дар Сомалӣ беш аз 90 фоиз аҳолии калоносол (аз 15-сола боло) хонда ва навишта наметавонанд.
Дар ҳамин ҳол коршиносон бар он назаранд, ки пандемияи коронавирус ба таҳсил дар бисёр кишварҳо монеа эҷод кардааст. Ба далели баста шудани мактабҳо, беш аз ним миллиард нафар аз идомаи омӯзиш маҳрум монданд.