Дар Британияи Кабир 524 нафар ба бемории “сурхакони маймун” мубтало гардидаанд. Ҳамзамон, ИМА низ аз 70 ҳолати нави гирифтории ин вирус хабар додааст.
Тавре расонаҳои ҷаҳонӣ хабар медиҳанд, ҳоло дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон нишонаҳои бемории сироятии “сурхакони маймун” ошкор шуда истодааст.
Қаблан Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар дода ҳушдор дода буд, ки ин бемории сироятӣ метавонад дар тамоми кишварҳои ҷаҳон паҳн гардад.
Дар ҳамин ҳол роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт Теодор Адханом Гебрейюс зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ки тамоми чораҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории “сурхакони маймун” андешида мешавад.
Баҳруллои Маҳмадшариф
радиои “Тоҷикистон”