Ба иттилои Федератсияи гуштини Тоҷикистон, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон, 6 нафар миёни ҷавонон ба Бишкек сафарбар гардиданд. Дар ин бора Кумитаи миллии олипӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, 9-26 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-23) баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, аввалин маротиба аст, ки қувваозмоиҳо дар ду категорияи синну солӣ дар як вақт доир мегардад. Тибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола 19-22 июн ва миёни ҷавонони то 23-сола 23-26 июн баргузор мешавад.
Аъзои дастаи мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон барои иштирок дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин:
Гуштини юнонӣ-римӣ
Наврасони то 17-сола
1. Нодир ТУРСУНЗОДА (55кг)
2. Ҳусейн ҲАСАНОВ (60кг)
3. Суннат АБДУЛЛОЕВ (65кг)
4. Ансор РАҲМАТЗОДА (92кг)
5. Акрами ҶАҲОНГИР (110кг)
Ҷавонони то 23-сола
1. Асламҷон АЗИЗОВ (55кг)
2. Ҳабибҷон ЗУҲУРОВ (77кг)
Гуштини озод
Наврасони то 17-сола
1. Н. РАҲИМЗОДА (60кг)
2. Муҳаммадфотеҳ ОЛИМОВ (65кг)
3. Муҳаммадамин АБДУЛЛОЕВ (80кг)
Ҷавонони то 23-сола
1. Мустофа АҲМАДОВ (70кг)
2. Саидасан АШРАФХОНОВ (74кг)
3. Сомон ИКРОМОВ (79кг)
4. Файз ФАЙЗЗОДА (97кг)