Имрӯз шурӯъ аз соати 10-и субҳ дар МД “Осорхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ намоиши аксҳои суратгири машҳури тоҷик, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Русия Шуҳратҷон Ёров бахшида ба 25 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони ” Ваҳдатнигор” оғоз гардид.
Дар намоиш намояндагони Вазорати фарҳанг, сафоратҳои давлатҳои хориҷ дар кишвар, ҳунармандону аккосони шинохтаи ҷумҳурӣ, васоити ахбори омма, кормандони Осорхонаи миллӣ, меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуданд. Бино ба иттилои ҳамкорамон Парвина Самандарзода дар намоиш 160 адад аксҳои солҳои гуногун аккосӣ намудаи Шуҳратҷон Ёров пешниҳод гардидаанд. Дар аксҳо тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ инъикос ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки намоиши “Ваҳдатнигор” то санаи 1- уми июли соли равон идома меёбад. Хоҳишмандони ҳунари аккосӣ метавонанд тӯли 16 рӯз аз ҳунари волои аксбардорӣ дидан намоянд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”