Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳоҷӣ Юсуф» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун боздид карданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти кишти такрорӣ дар хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳоҷӣ Юсуф»-и деҳоти Қумсангир шинос шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳоҷӣ Юсуф» 3 гектар замин дошта, 6 нафар саҳмдор дорад, ки онҳо деҳқонони ботаҷриба мебошанд. Хоҷагии мазкур соли 2009 таъсис ёфтааст ва саҳмдорон ҳар қитъа заминро босамар истифода бурда, маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ кишту парвариш ва истеҳсол менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳмдорони хоҷагӣ суҳбати самимӣ ороста, ба заҳмати самаровари деҳқонон баҳои баланд доданд. Хоҷагидорон аз ҳисоби кишти тирамоҳии гандум ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ ғалла рӯёнида, дар заминҳои холишуда кишти ҷуворимакка барои дон ва дигар навъи зироат мегузаронанд.

Бо мақсади оқилона истифода бурдани замин баъд аз ҷамъоварии ҳосили кишти асосӣ, сабзавоту полезӣ кишт карда мешавад. Парвариши тамоми намуди маҳсулоти кишоварзӣ бо риояи меъёрҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуда, дар мавсими ҷамоварии самараи меҳнат ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад.

Саҳмдорони хоҷагӣ ҳосили рӯёнидашударо ҳам барои эҳтиёҷоти хонаводаи худ ва ҳам ба бозорҳои истеъмолии мамлакат пешниҳод менамоянд. Истифодаи оқилонаи замин боис ба он гардид, ки сатҳу сифати зиндагии саҳмдорон сол то сол хубтару беҳтар гардад.

Саҳмдорон барои таъмин намудани чорво бо хӯроки дурӯшту серғизо дар қиъаҳои алоҳидаи хоҷагӣ юнучқа кишт намудаанд. Пас аз ҷамъоварии ҳосили ҷуворимаккаи дон, баргу пояи он низ барои беталаф баровардани чорво аз мавсими зимистон захира карда мешавад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати 6 деҳоту шаҳраки ноҳияи Ҷайҳун дидан карданд. Дар намоиш маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла галладона, сабзавоту полезӣ, меваҷот, хушкмеваҳо ва маҳсулоти консервашуда муаррифӣ гардид, ки бозгӯи самараи меҳнати садоқатмандонаи сокинони ноҳияи Ҷайҳун мебошад.