Дар Душанбе ёду номи Муъмин Қаноатро гиромӣ доштанд

Имрӯз дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил адибону зиёиён ва алоқамандони шеъру каломи бадеъ дар мавриди шахсият ва коркардҳои суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Муъмин Қаноат яке аз чеҳраҳои матраҳи фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад.

“Ӯ шоирест, ки аввалин навиштаҳояш бо дигар хусусиятҳои миллӣ фарқ мекунад. Ҷойгоҳи устод Муъмин Қаноат дар шеъри муосир чун шоири достонсаро баланд буда, дар ин масир камолоти беназир ёфтааст ва ба ҳадди устодӣ расид”, – таъкид гардид дар маҳфил.

Гуфта шуд, ки “Достони оташ” ва “Мавҷҳои Днепр”, ки аз аввалин осори ҳамосии шоир маҳсуб мешаванд, дар ташаккули бештари маҳорати бадеии шоир нақши бузург бозидаанд. Осори ӯ дар тарғибу ташвиқи ғояи созандагиву бунёдкорӣ дар байни чандин насли ҷавонон хидмати босазо карданд.

Ҳамзамон дар ҳамоиш ҳунармандоне чун аз Парда Қосим, Миралӣ Достиев, Дона Баҳром аз эҷодиёти устод Муъмин Қаноат таронаҳо иҷро намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Муъмин Қаноат 20 майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ба дунё омада, 18 майи соли 2018 аз олам даргузашт.