29 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Прокурори генералӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, молия, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, раисони кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, Раиси вилояти Хатлон, Раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.