Дастаи яккачини Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон дар риштаи гуштии камарбандӣ, ки дар Тотористон миёни беш аз 150 варзишгар аз 25 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, зинаи дуюмро ишғол намуд.
Тавре Федератсияи гуштии камарбанди Тоҷикистон хабар медиҳад, варзишгарони тоҷик Давлат Абдулҳакимов (60 кг), Авазбек Ҷумъаев (70 кг) ва Озод Маҳмудов (+130 кг) аз ин мусобиқа се медали нуқра ба даст оварданд.
Гуфта мешавад, варзишгарон дар Ҷоми ҷаҳонии гуштин дар 11 вазн аз 60 то беш аз 130 кг ва дар вазни мутлақ миёни ҳам рақобат намуданд. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 10 паҳлавон намояндагӣ кард.
Гуштини камарбандӣ яке аз қадимтарин намудҳои варзиш ба ҳисоб меравад, ки дар он ҳадафи паҳлавон бо ҳар гуна техникаи иҷозатдодашуда ба пушт хобондани рақиб аст.