“Ҷумҳурият”: Бунёди давлати дунявӣ шарти асосии рушди давлатдории миллӣ аст (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва минтақа таваҷҷуҳ карда, дар ин замина матолиби мухталифи хабарӣ ва таҳлилӣ чоп кардаанд.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 3 май мақолаи доктори улуми фалсафа, профессор Хуршеди Зиёро таҳти унвони “Давлати дунявӣ. Шакли олитарини таъмини озодӣ ва рушди ҷомеа” чоп кардааст. Муаллиф зимни баррасии ин масъала таъкид кардааст, ки бунёди давлати дунявӣ шарти асосии рушди давлатдории ҳар як халқу миллат ва омили муҳимтарини болоравии сатҳи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии аҳолии ҳар як ҷомеа мебошад.

Ба хулосаи муаллиф,  бо назардошти ин дар Тоҷикистон низ бояд ба таҳкими пояҳои давлатдории дунявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шавад ва барои расидан ба ин ҳадаф зарур аст, ки ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмии аҳолӣ ва тафаккури дунявӣ дар маркази сиёсати иҷтимоии давлат ва корҳои тарғиботию ташвиқотии аҳли зиёи кишвар қарор гирад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 4 май мақолае бо номи “ВМКБ. Гомҳои устувор дар роҳи саноатикунонӣ” чоп карда навиштааст, ки тӯли  солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ин вилоят 2236 иншооти аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи 3.4 миллиард сомонӣ сохта шудаааст. Ҳамчунин ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 56 корхонаи саноатӣ расман ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2021 беш аз 300 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба соли пеш 120 миллион ё 65 дарсад зиёд аст.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 4 май бо нашри як мақолаи интиқодӣ навиштааст, ки дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сокинони 24 деҳа аз неруи барқ маҳрум ҳастанд. Бино ба иттилои сардори Шабакаҳои барқи ноҳия Олимҷон Ҳафизов, дар ин деҳаҳо аз 5 то 47 хоҷагӣ ба сар мебаранд ва барои кашидани хатти барқ маблағи калон лозим аст. Гуфта мешавад айни замон дар бештари деҳаҳо аз панелҳои хӯрди офтобӣ ва неругоҳҳои хӯрди барқи обӣ истифода мекунанд.

Муаллиф дар идома таъкид кардааст, ки афзудани қарзи истифодаи неруи барқ, симчӯбҳои куҳнаю фарсуда ва техникаҳои корношоям аз мушкилоти дигари Шабакаҳои барқи ноҳияи Балҷувон мебошад.

Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 4 май дар мақолаи дигаре бо номи “Норасоии мутахассис — мушкили № 1”  вазъи соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Раштро баррасӣ кардааст. Муаллиф аз қавли Муҳсиддин Мирзоқурбонов сардори Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Рашт навиштааст,  мушкилоти асосие, ки ба фаъолияти пурсамари муассисаҳо монеа эҷод мекунад, нарасидани мутахассисони дорои маълумоти олӣ, аз ҷумла табибони бемориҳои рӯҳӣ, саратоншинос, табиби бемориҳои сироятӣ, гинеколог ва нарколог мебошад. Инчунин ба гуфтаи номбурда, норасоии таҷҳизоти тиббӣ, аз қабили ЭКГ, ултрасадо ва автоклав аз мушкилоти дигари соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Рашт маҳсуб мешаванд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар сармақолаи шумораи рӯзи 5 май,  масъалаи таъсиси паркҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлилу баррасӣ кардааст.  Муаллиф дар ин мақола навиштааст, ки Русия то замони оғози амалиёти низомӣ дар Украина 3 миллион мутахассиси технологияҳои иттилоотӣ дошт, аммо баъди таҳавулот  70 ҳазор нафари онҳо тарки ин кишвар карданд. Ба навиштаи муаллиф аксари ин мутахассисони соҳаи IT, барои кор муваққатӣ ва ё доимӣ Арманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Гурҷистонро интихоб карданд. Саволи муаллиф ин аст, чаро ин мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ Тоҷикистонро инихоб накарданд.

Тибқи таҳлилҳои муллиф дар кишварҳои номбурда барои фаъолияти   мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ имтиёзҳои андозӣ ва шароити мусоид фароҳам оварда шуда, Тоҷикистон бошад дар ин самт аз кишварҳои ҳамсоя 10 сол қафо мондааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи муаллиф  дар қарни 21 соҳаи IT яке аз абзорҳои муҳими рушди иқтисод шинохта шудааст.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумораи хеш мақолаи донишманди шинохта, устоди ДМТ Ҳафиз Раҳмонро бо номи “Ислоҳоти маориф. Илмҳое заруранд, ки андешаро бедор кунанд” нашр кардааст. Ба андешаи муаллиф,  мунтазам таҷдиди назар кардани сохтори омӯзиш ва таъиноти илм заминаи аслии таҳаввулоти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шудааст. Дар ин росто муаллиф пешниҳод кардааст, ки дар донишгоҳҳо илмҳои наве мисли “Ҳикмати андеша”, “Равоншиносии шахсият”, “Фарҳанги миллӣ”, “Арзишшиносӣ” ва “Асосҳои давлатдории миллӣ” омӯхта шавад.

Ба хулосаи муаллиф, дар шароити феълӣ илмҳое ба таълиму омӯзиш ниёз доранд, ки ҳамагӣ ба устувор сохтани давлати миллӣ ва рушди тафаккури таҳлилии ҷавонон мусоидат мекунанд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 5 май дар сармақолаи худ ин саволро матраҳ кардааст, ки оё замоне нарасидааст, то Тоҷикистон аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ даст кашида, артиши касбӣ ташкил кунад? Ба навиштаи муаллиф, бо назардошти он ки ҳамасола дар баҳор ва тирамоҳ масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи артиш баҳсҳои зиёдеро дар ҷомеаи кишвар бармеангезад, таъсиси артиши касбӣ метавонад ин мушкилро аз байн барад.

Аммо аз ҷониби дигар коршиноси масоили низомӣ, сарҳанги мустафъӣ Бахтиёр Раҳмонов ба ин нашрия гуфтааст, ки ташкили артиши касбӣ хароҷоти зиёди молиявиро талаб мекунад ва айни замон буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони чунин хароҷотҳои ҳангуфтро надорад. 

Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре 8 сабаби болоравии нархи ордро дар Тоҷикистон аз нуқтаи назари истеҳсолкунандагони ин маҳсулот пешниҳод кардааст. Сабаби аввал афзоиши нархи гандум дар бозорҳои ҷаҳонӣ, дуввум камбдуии нуриҳои минералӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва болоравии арзиши он, баъдан пастшавии ҳосилнокии гандум, зиёдшавии хароҷоти нақлиётӣ, маҳдудияти содироти гандум аз Қазоқисон, оқибатҳои ҷанги Украина ва ноустувории қурби асъор аз ҷумлаи омилҳои асосии баланд шудани нархи орд дар Тоҷикистон дониста шудаанд.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 5 май бо нашри матлабе пешниҳод кардааст, то барои донишҷӯёне, ки ба хизмати ҳарбӣ мераванд имтиёзҳои бештар дода шавад. Нашрия ёдовар шудааст, ки ахиран 111 нафар хатмкунандагони ДМТ ихтиёран барои хизмат дар сафи артиш сафарбар шуданд. Бо назардошти ин муаллиф пешниҳод кардааст, ки барои ин донишҷӯён қабл аз рафтан ба хизмати ҳарбӣ дар як маросими мутантан дипломи хатми донишгоҳ тақдим карда шавад. Дар ин сурат дигар донишҷӯён низ барои хизмати ҳарбӣ ҳавасманд мешаванд, зеро дигар лозим намешавад, ки 3 сол интизори гирифтани диплом бошанд.

Давлатов О.

Радиои “Тоҷикистон”