Мунтахаби Тоҷикистон бар тими Ҳондурас пирӯз шуд

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА, ки дар Скопйе мегузарад, тими Ҳондурасро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Голҳои яккачини кишварро Абубакр Сулаймонов, Билол Бобоев ва Масрур Ғафуров заданд.

Қаблан дар бозии аввал мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз тими Македонияи Шимолӣ дар силсила зарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) бо ҳисоби (4:5) ноком гардида буд.

Баъди ду даври мусобиқа се даст – Тоҷикистон, Македонияи Шимолӣ ва Косово 4-холӣ ба даст оварданд.

Дар рақобати ниҳоии мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) рӯзи 8-май бо дастаи Косово рақобат мекунанд. Бозӣ соати 18:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Сорбон Амонуллозода,

Радиои “Тоҷикистон”