Мазҳакаи “Табиби паррон”-и ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд дар Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрии “Киштии Смоленск” аз миёни 22 театри дунё ду ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овард.
Ҷоизаҳо ба театри Хуҷанд “Барои талфиқи возеҳи анъанаҳои театрии миллӣ ва ҷаҳонӣ” ва “Барои иҷрои бомаҳорати нақши асосии мусиқӣ” тақдим гардид.
Дар Ҷашнвораи VIII байналмилалӣ миёни якдигар 22 театр аз 6 кишвари дунё, аз ҷумла Корея, Шветсия, Латвия, Тоҷикистон, Русия ва Беларус рақобат карданд.
“Ҳунармандони мо соҳиби ду ҷоиза барои намоиши беҳтарин ва мусиқии беҳтарин гардиданд. Ҷоизаи намоиши беҳтаринро барои он ба ҳунармандони мо тақдим намуданд, ки ин намоиш аз рӯи пйесаи Жан-Батист Молйер бо забони русӣ ва бо услуби хоси миллию либосҳои тоҷикона дар саҳна иҷро гардид”, – гуфтааст Эҳсон Ҳомидов, мудири Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд.
Ҳамзамон ӯ қайд кардааст, ҷоизаи мусиқии беҳтарин барои иҷрои сози доира, ки аз ҷониби ҳунарманди Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд Қаҳрамон Бобоев иҷро шуд, лоиқ дониста шуд.
Ёдрас менамоем, ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд бо намоиши “Табиби паррон” аз 2 то 10 апрел дар Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрии “Киштии Смоленск”, ки дар шаҳри Смоленски Русия баргузор шуд, иштирок карданд.
Ҷашнвораи мазкур дар ду сол як бор баргузор гардида, нахустин бор соли 2008 барпо шуда буд.