Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Озарбойҷон бо шаҳрдори Боку Элдар Азизов мулоқот намуд. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар оғози суҳбат шаҳрдори Душанбе аз саҳми раҳбарони Тоҷикистону Озарбойҷон тавсиф намуда, нақши онҳоро дар тавсеа ва тақвияти тамоми маҷмуи муносибатҳои дӯстонаи тарафайн арзёбӣ кард.
Зимни мулоқот доираи васеи масоили ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳошияи равобити дӯстонаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкории гуногунҷанбаи шаҳрҳои Душанбе ва Боку, тақвияти корҳо дар самти фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешбурди фаъолияти тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ, инчунин дар мубодилаи таҷриба дар байни субъектҳои хоҷагидории шаҳрҳо ҳавасмандии худро изҳор доштанд.
Дар фарҷоми музокирот Рустами Эмомалӣ ва Элдар Азизов Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбе ва шаҳри Бокуро имзо карданд.