Тоҷикистон салтанати Уммонро барои ташкили корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар даъват кард.
Ин мавзӯъ дар мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо сафирони тозатаъйини Уммон Иброҳим ибни Аҳмад ал-Муайнӣ дар Тоҷикистон матраҳ шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, бахусус зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд
Ҳазамон дар идомаи мулоқот вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли обҳои минералӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин таҳия ва ба имзо расонидани ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ мубодилаи афкор сурат гирифтааст.
Абдураҳмонзода пешниҳод намуд, ки аз ҷониби сармоягузорони уммонӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба корхонаи коркарди нафти ҶДММ “ТК Ойл” дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ва таъмини нафти хом бо шартҳои имтиёзнок барои коркарди минбаъдаи он мусоидат сурат гирад.
Гуфта мешавад, ин пешниҳод аз ҷониби сафир хуш пазируфта шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда баён намуданд.