ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ АФК: “ИСТИҚЛОЛ” БОЗ БА АРАБИСТОНИ САУДӢ МЕРАВАД
Қаҳрамони футболи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022, ки 7-ум то 27-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Қаҳрамони Тоҷикистон мисли як соли пеш дар бозиҳои даври гурӯҳии мусобиқаи бошгоҳҳои асосии Осиё – Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар минтақаи ғарбиро анҷом медиҳад.
Гуфта мешавад, рақибони бошгоҳи Душанбе дар бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 дар минтақаи ғарбӣ дастаҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ),”Ал-Райён” (Қатар) ва ғолиби ҷуфти плей-офф “Шарҷа” (АМА) – “Ал-Завра” (Ироқ) хоҳанд буд.
Бозиҳо дар шаҳрҳои Риёз, (гурӯҳҳои “А” ва “В”), Ҷидда (гуруҳи “С”), Бурайда (гурӯҳи “D”) ва Даммом (гуруҳи “Е”) баргузор мешаванд.
Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар минтақа, инчунин се даста, ки дар чаҳоргонаи худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойҳои дуюмро ишғол кардаанд, ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Дар сурати роҳ ёфтан ба плей-офф, бозии даври 1/8 ниҳоиро “Истиқлол” 3-юм ё 4-уми феврали соли 2023 баргузор мекунад.
Лигаи қаҳрамонҳои AFC 2022:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи “А”: “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Ал-Райён” (Қатар), “Истиқлол” (Тоҷикистон), ғолиби ҷуфти плей-офф “Шарҷа” (АМА) – “Ал-Завра” (Ироқ).
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”