Соли равон ба муносибати 30-солагии робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Озарбойҷон дар ноҳияи Шемахи Ҷумҳурии Озарбойҷон «Боғи дӯстии Тоҷикистон ва Озарбойҷон» бунёд мегардад.
Гуфта мешавад, барои бунёди боғи мазкур аз Тоҷикистон беш аз се ҳазор ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда интиқол дода шуданд.
Ин нукта дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ ва президенти ин кишвар Илҳом Алиев, ки 3 март барпо шуд, зикр гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Рустами Эмомалӣ паёми самимонаи Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳамтои озари худ ҷаноби Илҳом Алиев расонд.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ карда шуд. Дар ин зимн саҳми робитаҳои байнипарлумони ду кишвар дар рушди мунтазами муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид.
Манбаъ меафзояд, ки ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, афзоиш додани ҳаҷми гардиши дуҷонибаи молу маҳсулот зарурати таъсис ёфтани Шӯрои машваратиро таъкид намуданд.
Афзун бар ин, масъалаҳое чун нақлиёту алоқа, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳамзамон мавриди баррасии Рустами Эмомалӣ ва Илҳом Алиев қарор гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки Рустами Эмомалиро дар ин сафар, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.