Рустами Эмомалӣ, ки рӯзи 3 март бо сафари корӣ вориди Ҷумҳурии Озарбойҷон гарид, бо Президенти ин кишвар Илҳом Алиев дидору гуфтугӯ намуд.
Тавре дафтари матбуотии палатаи болоии парлумон хабар медиҳад, Рустами Эмомалӣ паёми самимонаи Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев расонд.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ карда шуд. Дар ин зимн саҳми робитаҳои байнипарлумони ду кишвар дар рушди мунтазами муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид.
Зикр гардид, ки имсол ба муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 30 сол пур мешавад ва бахшида ба ин сана дар ноҳияи Шемах «Боғи дӯстии Тоҷикистон ва Озарбойҷон» бунёд мегардад.
Манбаъ меафзояд, ки ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, афзоиш додани ҳаҷми гардиши дуҷонибаи молу маҳсулот зарурати таъсис ёфтани Шӯрои машваратиро таъкид намуданд.
Афзун бар ин, масъалаҳое чун нақлиёту алоқа, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳамзамон мавриди баррасии Рустами Эмомалӣ ва Илҳом Алиев қарор гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки Рустами Эмомалиро дар ин сафар, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.